Рӯнамоӣ аз тарҷумаи китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” дар Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46791-Рӯнамоӣ_аз_тарҷумаи_китоби_Тамоми_Наҳҷулбалоға_дар_Туркия
Тарҷумаи китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” дар Туркия рӯнамоӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 16, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз тарҷумаи китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” дар Туркия

Тарҷумаи китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” дар Туркия рӯнамоӣ шуд.

Дар маросиме, ки дар Туркия ва бо ҳузури ҷамъе аз муҳибини аҳли байт (а) баргузор шуд, тарҷумаи туркии китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” рӯнамоӣ шуд.

Дар ин маросим муаллифи китоб ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Содиқи Мусавӣ ва мутарҷими он, Аҳмад Ябрақ ҳузур доштанд. Тарҷумаи туркии ин 2 сол тул кашида ва дар интишороти вилояти Адонои Туркия чоп шудааст.

“Тамоми Наҳҷулбалоға”, ки дар бар дорандаи бахши васее аз суханони ҳазрати Алӣ(раз.) ва комилтар аз Наҳҷулбалоғаи Саидрозӣ аст, дар тӯли 30 сол пажӯҳиш, таҳқиқ ва истифода аз китобхонаҳои кишварҳои мухталиф тадвин шудааст.