Роҳандозии масирҳои гардишгарӣ дар Хазар
Сентябр 18, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
Устондори Астрахани Русия аз роҳандозии масирҳои гардишгарӣ дар Хазар бо ҳамкории Туркманистон хабар дод.
Игор Бабушкин, устондори Астрахани Русия дар нишасти матбуотӣ бо ишора ба ҳамкориҳои гардишгарӣ дар дарёи Хазар изҳор дошт: Барномаҳое барои киштиҳои гардишгарии Русия ва Туркманистон дар соли 2020 дар дарёи Хазар тадвин мешавад.
Вай гуфт: Масирҳои гардишгарӣ омода шудаву туристҳо метавонанд аз бандарҳои Астрахан, Актау, Туркманбошӣ, Баку ва Махачкала боздид кунанд.
Ин мақом тасреҳ кард: Сафар ба минтақаи гардишгарии Овоза, воқеъ дар Туркманистон низ баррасӣ мешавад ва мақомоти туркман алоқаманд ба пайвастани ин минтақа ба масири гардишгарии Хазар ҳастанд.