Сентябр 22, 2019 14:44 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Созмони Миллал аз иқдоми  Ансоруллоҳ дар таваққуфи ҳамалоти мушакӣ

Фиристодаи Созмони Миллал дар Яман бо истиқбол аз иқдоми ҷумбиши Ансоруллоҳ дар таваққуфи ҳамалоти мушакӣ ба мавозеъи саъудиҳо , ин иқдомро паёми қавӣ дар робита бо вуҷуди хосту ирода барои поёни ҷанг дар Яман донист.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Алмаёдин , Мартин  Грифис асри шанбе гуфт : Боистӣ аз фурсати таваққуфи ҳамалоти  Ансоруллоҳ ба мавозеъи нерӯҳои саъудӣ дар дохили хоки ин кишвар истифода кард ва гомҳои зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши бархӯрдҳои низомӣ бардошт .

Маҳдӣ Алмашот,раиси шӯроии олии сиёсии Яман  ҷумъашаб гуфта буд : Ҳамалоти паҳподиву мушакӣ ба Арабистонро ба сурати шартӣ мутаваққиф мекунем ва умедворем, ки ин иқдом бо посухи мусбати эътилофи мутаҷовизон ба саркардагии Арабистон ҳамроҳ бошад .

 Алмашот дар панҷумин солгарди инқилоби 21 сентябри 2014-и Яман тасреҳ кард : Дар сурате ки Арабистон ба иқдоми мо дар хусуси таваққуфи ҳамалот ба хоки ин кишвар посухи муносибе надиҳад, мо посух ба ин ҳамалотро  ҳаққи худ медонем   

  Алмашот ҳамчунин тамоми  тарафҳои даргир дар ҷанги Яманро даъват кард, ки ба сурати ҷиддӣ ва воқеӣ вориди музокирот барои дастёбӣ ба оштии ҷомеъи миллӣ шаванд .

 Хабари таваққуфи  шартноки  Ансоруллоҳ барои ҳамла ба таъсисоти саъудӣ чанд рӯзе пас аз он сурат мегирад, ки ду полоишгоҳи мутаъаллиқ ба ширкати Арамко дар шарқи ин кишвар ҳадафи 10 паҳподи яманӣ қарор гирифт.

 

Барчасп