Сентябр 23, 2019 12:20 Asia/Dushanbe
  • Муҳоҷирати корӣ бозори масканро дар Маскав гарм кардааст

Муҳоҷирати корӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиву Қафқоз, бозори хариду фурӯши хонаро дар шаҳри Маскав равнақ додааст.

Ба гузориши сомонаи русии “Лента”, омори мақомоти шаҳрдории Маскав нишон медиҳад, ки дар ҳашт моҳи гузашта хариди хона дар ин шаҳр аз сӯи муҳоҷирон афзоиши қобили таваҷҷуҳе ёфтааст.

Бар ин асос, чаҳор даҳуми дарсад (0,4) аз кулли муомилоти милкӣ ба муҳоҷирони аҳли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ихтисос дорад, ки дар гузашта ин омор ба маротиб камтар буд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирон дар Маскав бештар ба дунболи хариди хонаҳое бо утоқҳои зиёд ҳастанд.

Дар Русия беш аз панҷ миллион муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳузур доранд.  

 

Барчасп