Сентябр 25, 2019 20:27 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби “Мусиқӣ аз дидгоҳи Ислом” дар Русия

Китоби “Мусиқӣ аз дидгоҳи Ислом, суннати Эрон” бо ҳимояту ҳамкории чанд ниҳоди русӣ дар Русия чоп ва мунташир шуд.

Китоб (маҷмӯаи мақолот) - и “Мусиқӣ аз дидгоҳи Ислом, суннати Эрон” бо ҳимояти Бунёди Ибни Сино ва ҳамкории Академияи улуми Тотористон, Бунёди Марҷонии Маскав, Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия ва Академияи мусиқии Русия, аз сӯи интишороти “Садро”-и ин кишвар ба забони русӣ мунташир шудааст.

Ба гузориши ИКНА, Гайбодулин Венерик ва хонум Наталя Тарик кори тарҷумаи ин асарро бар ӯҳда доштаанд ва веростории илмии он аз сӯи хонум Номиро Ҷонизода анҷом шудааст.

Бино ба эъломи Бунёди мутолеоти исломии Ибни Сино дар Русия, асари фавқ дарбардорандаи маҷмӯаи мақолоте аз устодони барҷаста ва нависандагоне аз Эрон, Олмон, Русия, Фаронса ва Ӯзбакистон аст ва нависандагон мусиқиро аз дидгоҳи Ислом мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаву онро аз ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, каломӣ, зебои‌шиносӣ, торихӣ ва мардумшиносӣ арзёбӣ кардаанд.

Бунёди Ибни Сино бо ҳадафи муаррифии ҳунари исломӣ ба ҷомеаи илмии Русия ва мухотабони русзабон то кунун осори зиёдеро мунташир кардаву дар оянда низ маҷмӯаи хаттотии исломиро арза хоҳад кард.