Тайиди узрхоҳии Обама аз Башшор Асад
Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, раисҷумҳури Амрико бадалели ҳамлаи ҷангандаҳои ин кишвар ба артиши Сурия аз Башшор Асад, раисҷумҳури ин кишвар узрхоҳӣ кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар гуфтугӯе, ки аз телевизиони Русия пахш шуд, тайид кард, ки Барак Обама бадалели ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ба артиши Сурия аз Башшор Асад узрхоҳӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи масъули сурӣ ҳам эълом кард, Обама бадалели ҳамлаи ҷангандаҳои ин кишвар ба нерӯҳои артиши Сурия ба таври ғайрирасмӣ аз Башшор Асад узр хостааст .
Ҷангандаҳои эътилофи амрикоӣ ҳафтаи гузашта яке аз мавозеи низомии артиши Сурияро дар иртифооти Алсрдаҳ дар атрофи Фурӯдгоҳи Дералзӯр бомбборон карданд, ки бар асари он 90 тан аз нерӯҳои артиши Сурия кушта шуданд.
Мақомоти амрикоӣ эълом карданд, ки ҷангандаҳои эътилоф ба иштибоҳ мавозеи артиши Сурияро бомбборон кардаанд .
Коршиносони низомӣ таъкид карданд, бадалели таҷҳизоти пешрафтаи Амрико эҳтимоли инки ин ҳамла ба иштибоҳ сурат гирифта бошад, сифр аст.