Оғози раъйгирии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон
Раъйгирии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон оғоз шуд.
Дарҳои ҳавзаҳои раъйгирӣ соати ҳафти имрӯз (шанбе) ба вақти маҳаллӣ ба рӯйи мушорикаткунандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон кушода шуд. Интихоботе бо ҳошияи такрорӣ, аммо муҳим, Толибон ва сояи сангини таҳдидҳои он барои тахриби фароянди демократии ин кишвар.
Ба гузориши ИРНА, Комиссиюни интихоботи Афғонистон эълом кард, ки 38 ҳазор дастгоҳи биометрӣ низ барои шафофияти раъйгирӣ таҳия шудааст ва афроди воҷиди шароити раъй метавонанд то соати 15 –и имрӯз раъйи худро сабт кунанд.
Даймоҳи соли гузашта (1397) сабти номи номзадҳои раёсати ҷумҳурии Афғонистон оғоз шуд. Дар ҳамон моҳ феҳристи ибтидоии номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ эълом шуд. Панҷ моҳ баъд, яъне дар урдибиҳишти соли 1398 феҳристи номзадҳои раёсати ҷумҳурии Афғонистон ниҳоӣ шуд. 18 чеҳра дар муборизоти интихоботии раёсати ҷумҳурии Афғонистони эъломи ҳузур карданд, аммо Ҳаниф Атмар, Нурулҳақ Улумӣ, Шайдо Муҳаммади Абдолӣ, Зулмай Расул ва Муҳаммад Иброҳими Алкозай инсироф доданд ва ду тан аз онҳо дар ҳоли ҳозир низ дар раъси қудрат ҳастанд: Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии Афғонистон.
Раъйгирӣ аз рӯзи шашуми меҳр (имрӯз) оғоз ва ба муддати як рӯз идома хоҳад дошт. Натоиҷи аввалияи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ 27 меҳрмоҳ эълом хоҳад шуд, ки як рӯз пас аз он метавон сабти эътирозот ба натоиҷи ибтидоии ороро оғоз карду натоиҷи ниҳоӣ низ 16 обон мунташир мешавад. Ҳазинаи баргузарии интихобот 149 миллион доллар баровард шудааст.
Ҳаво Алам Нуристонӣ, раиси Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, наздик ба 9 миллиону 600 ҳазор нафар (аз ҳудуди 13 миллион воҷиди шароити раъйдиҳӣ) барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар номнависӣ кардаанд.
Вай бо таъкид бар истифода аз биометрӣ дар интихобот гуфт, комиссиюн аз ҳар лиҳоз барои баргузории интихобот омодагӣ дорад.
Бар асоси оморҳои Комиссиюни мустақили интихобот, чаҳор ҳазору 928 маркази раъйдиҳӣ дар 34 вилояти кишвар имрӯз боз аст, аммо 445 марказ ба иллати таҳдидоти амниятӣ баста шудааст.