Сентябр 28, 2019 13:31 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Толибон мабнӣ бар пешгирӣ аз баргузории интихоботи раёсат ҷумҳурии Афғонистон

Гуруҳи Толибон бо судури баёнияе ҳушдор дод, аз баргузории интихобот дар саросари Афғонистон пешгирӣ хоҳад кард.

Дар ин баёния омадааст, ки марокизи ахзи раъй ва баргузоркунандагони интихоботи раёсат ҷумҳурии Афғонистон аз ҳадафҳои низомии ин гуруҳ маҳсуб мешавад. Гуруҳи Толибон ҳамчунин дар баёнияи худ интихоботи раёсат ҷумҳурии Афғонистонро як раванди ҷаълӣ, нифоқафканона ва амрикоӣ бар шуморд, ки ба эътиқоди ин гуруҳ омиле барои барангехтани таасубот ва ихтилофот дар Афғонистон аст. Ин таҳдиди ошкори Толибон дар бораи интихоботи пеши ру, ки танҳо ду рӯз ба баргузории он мондаастро метавон моние ҷиддӣ дар масири баргузории интихобот қаламдод кард.Толибон, ки пеш аз ин низ интихоботро номашруъ хонда ва таҳдид карда буд иҷозаи баргузории онро нахоҳад дод акнун бо таҳдиди сариҳи худ шароити душвореро барои давлат ва раъйдиҳандагони афғон эҷод кардааст. Ҳарчанд давлати Афғонистон нисбат ба таъмини амнияти интихоботи 28 сентябр ибрози итминон додааст, аммо равандии ноамнии моҳҳои ахир дар Афғонистон нишон медиҳад ба сахте метавон тасаввур кард, ки интихоботи пеши ру бидуни мушкили амниятӣ баргузор шавад. Ин таҳдиди Толибон дар ҳолест ки интихоботи кунунии Афғонистон муҳимтарин интихоботе аст, ки ин кишвар дар ду даҳаи гузашта баргузор мекунад, чаро ки интихоботи раёсат ҷумҳурӣ бар ояндаи сулҳи Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои ишғолгари амрикорӣ аз он кишвар таъсир хоҳад гузошт ва ҳар фарде, ки пирӯз шавад масъули талош барои даастёбӣ бар оташ бас, тавофуқи сулҳ, тавофуқ барои хуруҷи нерӯҳои ишғолгар ва ҳамчунин ҳифзи дастовардҳои давлат ва мардуми ин кишвар дар ду даҳаи гузаштааст. Дар чунин шароите таҳдиди Толибон зидди интихобот масъулияти ҳамагонро сангинтар кардааст ва на танҳо давлат ва нреӯҳои амниятӣ балки мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба масъулияти худ дар убур аз ин бурҳаи ҳассос амал кунанд. Албатта мухолифати ахири бархе чеҳраҳои коркушта ва сиёсии Афғонистон бо баргузории интихобот ва авлавият қоил шудани онҳо барои музокира бо Толибон ва ҳамчунин руйкарди мушобеҳи Амрико ин шоебаро эҷод кардааст, ки Толибон ин бор мумкин аст бо ҳимояти бархе қудратҳои хориҷӣ бо қуват ва қудрати бештаре ба набард бо интихобот бархезад. Албатта воқеият ин аст, ки Толибон пеш аз ин низ дар ҷараёни интихоботҳои гузашта борҳо таҳдид ба ҳамла ва бар ҳам задани интихобот карда буд, аммо ҳеҷ гоҳ дар пешбурди ин ҳадаф муваффақ нашуда буд. Аммо интихоботи имсол андаке мутафовит аст. Ба хусус, ки музокироти Амрико ва Толибон ахиран ба шикаст мунҷар шуд ва ин руйдод ба гуруҳҳои даҳшатафкан ангезаи бештаре дода, то дар остонаи интихобот қудратнамоӣ кунанд. Агар чи Толибон барои мухолифати худ бо интихобот далоилеро матраҳ мекунад, аммо комилан рушан аст, ки мухолифат бо фароянди сиёсӣ ва худдории ин гуруҳ аз муъаррифии номзадӣ дар ин фароянд нишонаҳои заъф ва на қудрат аст. Бисёре мегуянд агар Толибон дар паи хуруҷи нерӯҳои ишғолгар аз Афғонистон аст чаро аз гуфтугӯ бо давлат ва гуруҳҳои таъсиргузори Афғонистон ва ҳамчунин ширкат дар интихобот худдорӣ мекунад. Бинобарин ончи Афғонистон дар ин мақтаи ҳассос ниёзманди он аст вифоқ, инсиҷоми миллӣ ва ҳушёрии давлат, гуруҳҳои сиёсӣ ва ба хусус номзадҳои интихобот дар муқобили душманони дохилӣ ва хориҷии Афғонистон аст, то ин кишвар битавонад интихоботи раёсатҷумҳуриро дар амният ва саломат баргузор кунад.