Сентябр 30, 2019 14:15 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни сел ва рониши замин дар Ҳинд

Шумори қурбониёни бориши шадиди борон, сел ва рониши замин дар шимоли Ҳинд ба беш аз 70 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дастикам 73 нафар дар чаҳор рӯзи гузашта дар иёлати Уттор Прадеши Ҳинд бар асари бориши шадиди борону рониши замин ҷони худро аз даст доданд.

Идораи ҳавошиносии Ҳинд дар бахшҳои зиёде аз манотиқи иёлати Уттор Прадеш вазъияти қирмиз эълом кардааст.

Бориши борон дар иёлатҳои Уттораканд, Раҷистон, Модиё Прадеш ва минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд низ даҳҳо қурбонӣ барҷой гузоштааст.

Боришҳои шадиди борон ҳамчунин мунҷар ба лағви ҳаракати теъдоде аз қаторҳо ва шуморе аз парвозҳо дар шимоли Ҳинд шудааст.

Бориши борону ҷорӣ шудани сел ва рониши замин дар ҷануби Осиё ҳамасола дар моҳҳои июн то сентябр талафоту хисороти фаровоне барҷой мегузорад.

 

Барчасп