Намоиши Қуръони нафис дар иёлати Тренгануи Малайзия
Як нусхаи нафиси Қуръон, мутааллиқ ба қарни нуздаҳум дар музеи иёлати Тренгануи Малайзия ба намоиши умумӣ гузошта шудааст.
Ба гузориши ИКНА, Нурҳоизо Нуриддини 56 сола, ки ҳунарманди риштаи ҳаккокӣ аст ва ин нусхаро дар соли 2003 аз як тоҷири ғайримусалмон харидорӣ карда мегӯяд, мехостам ин Қуръон аз иёлати Тренгану хориҷ нашавад. Вай ин Қуръонро, ки тайи солҳои 1820 то 1850 мелодӣ китобат шудааст, моҳи гузашта барои намоиш ба музеи Тренгану амонат додааст.
Ин ҳунарманди молезӣ мегӯяд, дар он замон дастгоҳи чоп вуҷуд надошт ва мушаххас нест, ки рангҳоро чӣ гуна дар ин нусха ба кор бурдаанд ва коршиносон ҳам мушаххас накардаанд, ки аз чӣ маводе барои рангҳо ба кор рафта дар ин нусха истифода шудааст.
Вай афзуд: “Бо он ки афроди зиёде барои хариди ин Қуръон ибрози тамоюл кардаанд, аммо ҳифзи ин ганҷина дар Малайзияро вазифаи худ медонам”.