Таъкиди мақоми рус бар нақши Эрон дар таъмини амнияти Халиҷи Форс
Як мақоми пажӯҳишгари Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, бидуни мушорикати Эрон, таъмини амнияти Халиҷи Форс мумкин нест.
Венямин Попов, мудири Маркази мушорикати тамаддунҳои Донишгоҳи байналмилали Маскав вобаста ба Вазорати умури хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд: Эрон барои таъмини амнияти минтақаи Халиҷи Форс ва ҷилавгирӣ аз вуқӯи муноқиша дар ин минтақа, тарҳи амниятии худро ироа карда, ки бар пояи ҳамкориҳои минтақавӣ байни ҳамаи кишварҳо устувор шудааст.
Попов тасреҳ кард, агар тарҳи Эрон барои амнияти Халиҷи Форс ба иҷро гузошта шавад, дигар ҳеҷ маконе барои таҳдидҳои Амрико дар минтақа ва эҷоди душманӣ байни Эрон ва кишварҳои ҳамсояи ин кишвар вуҷуд нахоҳад дошт.
Ин мақоми аршади рус афзуд, Русия билофосила зимни истиқбол аз ин тарҳ, онро дар як ҷиҳат ва ҳамросто бо тарҳи амниятии пешниҳодии худ дар минтақа медонад.