Гирдиҳамоии андешамандони ҳиндӣ дар конфронси қуръонӣ
(last modified Wed, 09 Oct 2019 14:23:01 GMT )
Октябр 09, 2019 19:23 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии андешамандони ҳиндӣ дар конфронси қуръонӣ

Конфронсе бо меҳварияти “Қуръон ва ҳузури уламо ва андешамандони ҳиндӣ” дирӯз, 15 меҳрмоҳ дар маркази “Айвони Ғолиб” – и Деҳлӣ, пойтахти Ҳинд баргузор шуд.

Ин конфронс ба ҳиммати Бунёди Закоти Ҳинд ва бо тиловати муфтӣ Одил Ҷамол Надави оғоз шуд ва уламои мусулмон дар он ҳузур ёфтанд ва суханронӣ карданд.

Ба гузориши ИКНА, Сайидзафар Маҳмуд, раиси Бунёди Закоти Ҳинд, Мавлоно Калим Сиддиқӣ, рӯҳонии барҷастаи ҳиндӣ, профессор Абдулҳақ, Эм ЭС Шакил ва Мумтоз Наҷмӣ, узви фаъоли Бунёди Закот суханронони ин конфронс буданд.

Суханронон дар конфронси Деҳлӣ бо таъкид бар зарурати амал ба Қуръон дар зиндагӣ, аз ҳамаи мусулмонон хостанд, ки Қуръонро стратегияи зиндагӣ ва роҳҳалли мушкилоти худ қарор диҳанд.

Дар идомаи конфронс таъкид шуд, набояд аз сахт будани авзоъ ва мушкилоти зиндагӣ нигаронӣ ба худ роҳ дод, балки бояд саъй кард дар чунин мушкилоте худро бо омӯзаҳои Қуръон созгор кунем.

Суханронон ҳамчунин баён карданд, ки бо амал ба Қуръон, мусулмонон роҳи равшане дар зиндагӣ хоҳанд ёфт ва неъматҳо ва имдодҳои Худованд бо онҳо хоҳад буд. Албатта дини Худо ва уммати исломӣ буҳронҳоро пушти сар мегузорад.