Октябр 10, 2019 19:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар таваққуфи амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия

Вазири умури хориҷаи Русия бар таваққуфи амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Интерфакс, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (панҷшанбе) бо дархост барои оғози раванди музокирот байни Туркия, давлати Сурия ва шибҳи низомиёни курди шимоли ин кишвар аз омодагии Маскав барои мизбонии ин гуфтугӯҳо хабар дод.

Лавров бо ишора ба ин, ки мақомоти артиши Русия бо ҳамтоёни туркиёии худ дар бораи амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия дар тамос ҳастанд, афзуд, Русия хоҳони коҳиши ҳарчӣ сареътар танишҳо дар Сурия барпоия ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар аст.

Пас аз тамоси телефони Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп, артиши Туркия рӯзи душанбе минтақаи Тал ал-Тавилро дар шимоли шарқи устони марзии Ал Ҳасакаи Сурия ҳадаф ҳамалоти худ қарор дод.

Эрдуғон низ рӯзи чаҳоршанбе аз оғози амалиёти низомии ҷадиди артиши ин кишвар дар шимол Сурия хабар дод.

Иқдоми низомии артиши Туркия дар шимоли Сурия бо мухолифати давлати ин кишвар ва ҷомеаи байналмилалӣ рӯ барӯ шудааст.