Ифтитоҳи як муассисаи қуръонӣ дар Индонезия аз сӯи Маҳмуд Шаҳот Анвар
(last modified Sat, 12 Oct 2019 07:07:48 GMT )
Октябр 12, 2019 12:07 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи як муассисаи қуръонӣ дар Индонезия аз сӯи Маҳмуд Шаҳот Анвар

Маҳмуд Шаҳот Анвар қории барҷастаи мисрӣ ва мулаққаб ба давлати тиловати нав як муассисаи омӯзиши Қуръони карим дар кишвари Индонезия ифтитоҳ кард.

Ба нақл аз ИКНО, шайх Маҳмуд Шаҳот Анвар таи рӯзҳои ахир бо ҳузур дар кишвари Индонезия як муассисаи омӯзиши ҳифзи Қуръони карим дар ин кишвар ифтитоҳ кард.

Ин қории барҷастаи мисрӣ ҳамчунин клипе видеоӣ аз тиловати як хурдсоли индонезияӣ, ки ба зебоӣ қироат мекардро дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи Фейсбук мунташир кард ва номи "Кудаки муъҷиза" бар он ниҳод.

Маҳмуд Шаҳот Анвар дар тавзеҳи ин клип навишт ин кудак аз шогирдони мактаби Шаҳот аст ва ба забони арабӣ суҳбат намекунад, аммо садои ӯ ҳатман шуморо шигифтзада хоҳад кард.

Маҳмуд Шаҳот Анвар ба далели доштани савти таъсиргузор ва адои қавӣ дар тиловат аз шуҳрати болое дар Миср ва кишварҳои арабӣ бархурдор аст, ба тавре, ки клипҳое видеоии вай дар Ютюб 75 миллион боздид доштааст.

То кунун се нафар дар Африқои Ҷанубӣ, се нафар дар Англия, як нафар дар Амрико ва дар моҳи Рамазони гузашта низ 10 нафар дар Украина тавассути Маҳмуд Шаҳот Анвар ба оини ислом мушарраф шудаанд.