Ҳимояти Амрико аз диишиҳо барои хуруҷ аз Сурия
(last modified Sat, 12 Oct 2019 14:26:58 GMT )
Октябр 12, 2019 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Амрико аз диишиҳо барои хуруҷ аз Сурия

Ҳамзамон бо амалиёти Туркия дар шимоли шарқи Сурия, низомиёни амрикоӣ даҳҳо нафар аз афроди хориҷии ДИИШ - ро аз хоки Сурия хориҷ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, низомиёни ишғолгари амрикоӣ дастикам 80 узви хориҷии ДИИШ - ро аз зиндони “Ашшаддоди”, дар ҷануби Алҳасака, дар шимоли шарқи Сурия ба дохили Ироқ мунтақил карданд.

Расонаҳои Сурия рӯзи ҷумъа тасовире аз зиндониёни диишӣ мунташир карданд, ки пас аз бомбаборони зиндони марказии шаҳри Алҳасака, тавассути Туркия дар ҳоли фирор аз ин зиндон буданд.

Амрико ва муттаҳидонаш, ки омили аслии эҷоди гурӯҳҳои террористӣ ва аз ҳомиёни онҳо дар Сурия ҳастанд, дар солҳои ахир ба баҳонаи мубориза бо террористҳо ва бидуни иҷозаи давлати Сурия дар ин кишвар ҳузури низомӣ доранд.

Амрико ҳамчунин то пеш аз оғози иқдоми низомии Туркия бар зидди курдҳо дар шимоли шарқи Сурия, бо ирсоли таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ барои курдҳои ин минтақа, аз онҳо ҳимоят мекард.