Трамп дастури хуруҷи сарбозони Амрико аз Афғонистонро содир кард
(last modified Sun, 13 Oct 2019 07:56:03 GMT )
Октябр 13, 2019 12:56 Asia/Dushanbe
  • Трамп дастури хуруҷи сарбозони Амрико аз Афғонистонро содир кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бомдоди якшанбе гуфт; ба фармондеҳони низомӣ иттилло додам бояд нерӯҳои мо,ки 19 сол аст дар Афғонистон боқӣ мондаанд, бозгарданд.

Ба нақл аз ИРНА ; Трамп афзуд; акнун нисбат ба даврони пеш аз дахолати Амрико дар Ироқ ба баҳонаи таслиҳоти куштори ҷамъӣ, амният ва субот дар Ховари Миёна коҳиш ёфтааст.

 Трамп изофа кард; бисёре аз сарбозони худро бе ҳеҷ фоидае дар Ироқ аз даст додаем ва онҷо трилиордҳо доллар ҳазина кардаем.

Вай дар хусуси тасмимаш барои хуруҷи нерӯҳои Амрико аз хоки Сурия низ гуфт; 10 сол дар  Сурия боқи мондаем ва бояд сарбозони худро аз хокҳое,ки поёнӣ надорад хориҷ кунем.

Раиси ҷумҳурии Амрико бо ишора ба ҳамлаҳои Туркия ба минтақаи курд нишини шимоли Сурия афзуд; аз мо хостанд то дар канори курдҳо биҷангем ва ман гуфтам,ки аз ҳеҷ тарафе тарафдори намекунем,аммо дар сурате,ки Туркия ба ақалиятҳо дар шимол шарқи Сурия осеб бирасонад, таҳримҳои шадидеро алайҳи Туркия эъмол хоҳам кард.

Трамп мудаъӣ шуд; курдҳо қасд доранд навори марзиро,ки Туркия дар имтидоди марзҳояш дар паи таъмини амнияти он аст холи кунанд, бинобар ин бигзорем туркҳо худашон тадбире барои марзҳояшон бияндешанд ва ман гумон намекунам,ки сарбозони мо бояд онҷо бошанд.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳамчунин гуфт; 50 миллион доллар барои ҳимоят аз ақалиятҳои нажодӣ ва динӣ дар Сурия ихтисос хоҳем дод.