Октябр 13, 2019 13:31 Asia/Dushanbe
  • Фаронса ҳам содироти силоҳ ба Туркияро таълиқ кард

Фаронса низ дар эътироз ба амалиёти низомии Анқара дар шимоли Сурия, содироти силоҳ ба Туркияро ба ҳоли таълиқ даровард.

Ба нақл аз хабарнигузории Садо ва симо, Вазоратхонаҳои хориҷа ва дифои Фаронса шанбе шаб дар баёнияи муштарак аз таълиқи содироти силоҳи ин кишвар ба Туркия ба далели амалиёти Анқара дар шимоли Сурия хабар доданд ва эълом карданд; ҳамлаи низомии Туркия ба шимоли Сурия, амнияти Аврупоро таҳдид мекунад.

Пеш аз ин низ кишварҳое назири Финландия, Нарвегия Ҳоланд ва Олмон дар эътироз ба амалиёти низомии Анқара дар шимоли Сурия,содироти силоҳ ба Туркияро мутавақиф карда буд.

Артиши Туркия аз рӯзи чоршанбе ба баҳонаи муқобила бо терроризм ва поксозии марзи Сурия ва Туркия аз ҳузури шибҳи низомиёни курд,ки Анқара онҳоро террорист медонад, бо дастури Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии Туркия ба шимоли Сурия ҳамла кардааст.

Фавод Уктой муовини раиси ҷумҳурии Туркия асри чоршанбе пас аз оғози расмии амалиёти ба истилоҳ Чашмаи сулҳ мудаъӣ шуд,ки ҳадаф аз амалиёти Туркия, бозгардондани сулҳ ба Сурия аст.

Ин амалиёт бо чароғи сабзи давлати Амрико оғоз шуда ва ба гуфтаи бархе манбаъҳо, то кунун беш аз 270 кушта бар ҷой гузоштааст.

Амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия бо маҳкумияти густардаи байналмиллалӣ рӯ ба рӯ шудааст ва иттиҳодияи Араб ва кишварҳои арабии минтақа низ мухолифати худро бо ин ҳамлаҳо эълом карданд.

Мақомоти Сурия таъкид кардаанд суриҳо аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии худ дифоъ хоҳанд кард.

Курдҳои шимоли Сурия низ эълом кардаанд,ки ҳамлаи Туркияро ба ҷанги тамомаёр табдил хоҳанд кард.

Артиши туркия дар 3 соли гузашта, чандинбор ба хоки Сурия таҷовуз кардааст.