Октябр 14, 2019 18:29 Asia/Dushanbe
  •  Сармоягузории 100 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ дар Афғонистон

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки ҳудуди 100 миллион доллар ба манзури сармоягузории хусусӣ дар бахши энержӣ ва таъмину фароҳамсозии имконот ва таҷҳизоти мавриди ниёз ба Афғонистон кумак мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳенри Кроли, раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Афғонистон ин сармоягузориро гоме бузург дар ростои тавсеаи иқтисоди Афғонистон тавсиф кард ва гуфт, ки эҷоди тасҳилот дар бахши энержии барқ сабаби рушди иқтисод, афзоиши иштиғол ва коҳиши фақр хоҳад шуд.

Вай афзуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои татбиқ ва поёни ин проект ба сурати мудовим бо давлати Афғонистон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ин кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ дар қолаби тарҳҳои тавлиди энержии барқ аз гази табиии Шибирғон ва тавлиди энержии барқи газии Мазори Шариф, фароҳамсозии абзору таҷҳизоти мавриди ниёзи барқ аз сӯи ширкати барқи Афғонистон, мудирияти хатароти эҳтимолӣ дар баробари ин ширкат ва бархе проектҳои дигар сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин қарор аст кори сохту амалӣ шудани тавлиди энержии барқ аз гази табиӣ бо зарфияти 40 мегаватт тавассути як ширкати хусусӣ дар шаҳри Шибирғон ба зудӣ оғоз шавад ва солона ҳудуди 300 гигават соат барқ тавлид кунад.

Пештар низ Идораи ҳамкории Олмон бо Афғонистон як тавофуқномаи ҳамкорӣ бо Вазорати энержӣ ва оби Афғонистон ба имзо расонд, ки бар асоси он ин идора то поёни соли ҷории хуршедӣ ҳудуди 264 миллион афғонӣ дар бахши тавлиди энержии барқ аз тариқи манобеи таҷдидпазир дар ин кишвар сармоягузорӣ мекунад.