Октябр 14, 2019 20:51 Asia/Dushanbe
  • Намоиши осори баргузидаи ҷоизаи ҷаҳонии “Арбаин” дар Танзания

Осори баргузидаи бахши акси ҷоизаи ҷаҳонии “Арбаин” дар ройзании фарҳангии Эрон дар Танзания ба намоиш гузошта шуд.

Ба муносибати фаро расидани Арбаини ҳусайнӣ, намоишгоҳи осори баргузидаи бахши акси ҷоизаи ҷаҳонии “Арбаин” бо ҳамкории Идораи кулли ҳамкориҳои фарҳангӣ ва умури эрониёни хориҷ аз кишвар ва созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар ройзании фарҳангии Эрон дар Танзания барпо шуд.

Ба гузориши ИКНА, Аббоси Фарманд, ройзани фарҳангии Эрон дар шаҳри Дорулисломи Танзания дар хусуси аҳамияти баргузории ин намоишгоҳ ва осори ба намоишдаромада гуфт, тасовири мавҷуд мунтахабе аз беҳтарин аксҳое аст, ки дар мусобиқоти байналмилалии акси Арбаин (ҷоизаи ҷаҳонии Арбаин) ширкат карда ва аз назари ҳунарӣ рутбаи болое ба даст овардаанд.

Вай идома дод, ин тасовир баёнгари гӯшаҳое аз роҳпаймоии Арбаини ҳусайнӣ аст, ки дар чанд соли ахир ва бо ҳузури ҷамъияте болиғ бар 20 миллион нафар иттифоқ меафтад.

Суханрони баъдии ин маросим Муртазо Алӣ Дино, аз масъулони Федератсияи ҷаҳонии хуҷаҳо буд, ки ба намояндагӣ аз сӯи Анвар Доромиси, раиси Федератсияи ҷаҳонии хуҷаҳо ба баёни фалсафаи зиёрати Арбаин ва аҳамияти ин мавзуъ дар ривоётт аимма (а) пардохт.

Мӯсо Фарҳанг, сафири Эрон низ дар суханронии худ бо ишора ба роҳпаймоии Арбаини ҳусайнӣ, ин маросимро яке аз символҳои ҷаҳони шиа номид ва гуфт, роҳпаймоии Арбаини ҳусайнӣ арсаи ҳузури якпорчаи шиаён дар як замон ва як макони муайян аст ва табдил ба иҷтимои бузурги шиаён шуда ва имрӯза осори фаровоне аз худ ба ҷой гузоштааст.