Бозтобҳои густурдаи боздошти Руҳуллоҳ Зам дар расонаҳои хориҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47582-Бозтобҳои_густурдаи_боздошти_Руҳуллоҳ_Зам_дар_расонаҳои_хориҷӣ
Боздошти Руҳуллоҳ Зам, яке аз саршохаҳои расонаии душман ва саршабакаи сайти маъониди “Омад нюс” дар расонаҳои хориҷӣ бозтобҳои густурдае дошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 15, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Бозтобҳои густурдаи боздошти Руҳуллоҳ Зам дар расонаҳои хориҷӣ

Боздошти Руҳуллоҳ Зам, яке аз саршохаҳои расонаии душман ва саршабакаи сайти маъониди “Омад нюс” дар расонаҳои хориҷӣ бозтобҳои густурдае дошт.

Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, созмони иттилооти Сипоҳи посдорон тайи як амалиёти печида ва бо ҳарбаи фиреби иттилоотӣ Руҳуллоҳ Зам, яке аз саршохаҳои расонаии душман дар ҷанги равонӣ алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро дастгир кард, эъломи ин хабар мавҷе аз бозтобҳои байналмилалиро ба ҳамроҳ дошт

“Аларабия” навишт, сипоҳ муддаии дастгирии рРуҳуллоҳ Зам дар як амалиёти иттилоотии ғофилгирона шуд.

Би Би Си - форсӣ  ҳам дар титре бо унвони “Дастгирии Руҳуллоҳ Зам; марде, ки мегуфт, зиёд медонад”, ин хабарро мунташир карду навишт: “Телевизиони Эрон тасовире аз Руҳуллоҳ Зам, чеҳраи ҷанҷолбарангези расонаиро пахш карда, ки ӯ дар он аз амалкарди худ ибрози пушаймонӣ мекунад. Дар эътирофи телевизионӣ, ки мушаххас нест дар чӣ шароите гирифта шуда ва дар солҳои гузашта мушобеҳи он кам дида нашудааст. Чанд соат пеш аз он, созмони иттилооти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом карда буд, ки оқои Замро дастгир кардааст. Руҳуллоҳ Зам -рӯҳонизодаест, ки мудирияти як канали хабарии истисноиро бо садҳо ҳазор узв бар уҳда дошт. Ӯ дар Порис зиндагӣ мекард ва ин ки чӣ тавр сипоҳ ба ӯ даст ёфта, ҳанӯз маълум нест”.

Сайти интернетии “Таймс Исроил” низ бо титри “Маълум нест Руҳуллоҳ Зам, муқими Порис ва гардонандаи як канали зиддиинқилобӣ дар Телеграм чӣ гуна ва чӣ замоне рабуда шуда”, дар пушиши хабарие навишт: “Теҳрон муддаӣ аст вай бо ожонсҳои Иёлоти муттаҳида ва Исроил дар иртибот будааст”.

Сомонаи интернетии “Миддл Ист Ой” низ эълом кард, Эрон мегӯяд яке аз хабарнигоронеро, ки дар нооромиҳои соли 2018 даст дошт, фиреб дода ва дастгираш кардааст.

Руҳуллоҳ Зам, фарзанди Муҳаммадалии Зам, рӯҳонии шинохташудаи эронӣ (раиси собиқи ҳавзаи ҳунарӣ) пас аз ҳаводиси интихоботи 1388 аз Эрон барои муддате дастгир ва сипас аз кишвар хориҷ шуд ва ба Малайзия рафт ва сипас ба Фаронса рафт ва дар онҷо сайт ва сипас канали телеграмии “Омад нюс” (Садои Мардум) -ро роҳандозӣ кард.

Дар солҳои ахир Руҳуллоҳ Зам эълом карда буд, ки мудирияти канали “Омад нюс” -ро вогузор кардааст ва сардабири он нест. Иддаое, ки аз тарафи мақомоти эронӣ пазируфта нашуда буд.