Шоҳи Саудӣ Путинро бо автомобили барқӣ ба утоқи ҷаласот бурд + Видео
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47611-Шоҳи_Саудӣ_Путинро_бо_автомобили_барқӣ_ба_утоқи_ҷаласот_бурд_Видео
Подшоҳи Арабистони Саудӣ пас аз баргузории маросими истиқболи расмӣ аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар кохи шоҳӣ, вайро бо мошини барқӣ ба утоқи ҷаласот бурд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 16, 2019 15:24 Asia/Dushanbe

Подшоҳи Арабистони Саудӣ пас аз баргузории маросими истиқболи расмӣ аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар кохи шоҳӣ, вайро бо мошини барқӣ ба утоқи ҷаласот бурд.

Ба нақл аз ИРНА, Малик Салмон, шоҳи 84-солаи Саудӣ, ки  чанд соле аст ҳарфу ҳадисҳои зиёде дар хусуси беморияш бар сари забонҳост, дар ибтидои дидор бо Путин, ба кӯмаки асои худ дар ин дидор ҳозир шуд.

Ду тараф пас аз баргузории маросим ва гуфтугӯи кӯтоҳ, ба василаи автомобили барқӣ аз салон ба самти утоқи ҷаласот рафтанд.