Октябр 20, 2019 11:44 Asia/Dushanbe
  • Сабти рекорди ҷаҳонии тулонитарин парвози бидуни таваққуф

Ширкати ҳавопаймоии Австралия рекорди ҷаҳонии тулонитарин парвози бидуни таваққуфро дар ҷаҳон ба номи худ сабт кард.

Ба нақл аз хабагузории Рейтерз, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Qantas-и Австралия тулонитарин сафари ҳавоӣ аз Нию-Йорк ба Сидней-ро дар масире 16 ҳазору дусад километрӣ ба муддати 19 соат ва бидуни таваққуф анҷом дод ва имрӯз якшанбе дар фурудгоҳи ин шаҳр бар замин нишаст.

Олон Ҷуис мудири иҷроии ширкати Qantas гуфт, тулонитарин парвоз бахше аз тарҳи ин ширкат мавсум ба Тулӯи хуршед ва яке аз се озмоиши ҳавоӣ буд, ки бо муваффақият анҷом шуд.