Октябр 21, 2019 12:44 Asia/Dushanbe
  • Арбаини 17 миллион нафари дар Ироқ

Устондори Карбалои Ироқ эълом кард ; теъдоди зоирони имсол дар маросими зиёрати арбаини Ҳусейнӣ (а) ба беш аз 17 миллион нафар расид.

Насиф Алхатобӣ, устондори Карбало дар нишасти хабарӣ бо баёни ин,ки имсол теъдоди зоирони маросими арбаин нисбат ба соли гузашта бештар буд тасриҳ кард ; тамоми тарҳҳои дар назар гирифта шуда аз ҷумла тарҳи ҳамл ва нақл ва беҳдошт дар муддати истиқбол аз зоирони маросими арбаин бисёр хуб иҷро шуд.

Имсол 20 сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ (19 2019 ), арбаин шаҳодати ҳазрати имом Ҳусейн (а) ва ёрони бовафояш дар саҳрои Карбало буд.

Ҳар сола миллионҳо зоир аз саро сари ҷаҳон барои ширкат дар маросими арбаини Ҳусейнӣ (а) худро ба шаҳри муқадаси Карбало дар Ироқ мерасонанд.

Ин маросим бузургтарин таҷамуъи мазҳабӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Барчасп