Арбаини пуршури Ҳусейнӣ дар кашмири таҳти кантроли Ҳинд
(last modified Mon, 21 Oct 2019 08:38:29 GMT )
Октябр 21, 2019 13:38 Asia/Dushanbe

Ҳазорон мусалмони Кашмирӣ бо вуҷуди эъмоли фишори нерӯҳои амниятии Ҳинд маросими арбаини имом Ҳусейн (а) ро бошукӯҳи ҳарчи тамомтар дар марказҳои мазҳабии ин минтақа баргузор карданд.

Ба нақл аз хабарнигории Форс, бо вуҷуди сахтгириҳои нерӯҳои амниятии Ҳинд, ҳазорон нафар аз аҳолии минтақаи Кашмир рӯзи якшанбе бошукӯҳи ҳарчи тамомтар маросими арбаини имом Ҳусейн (а) ро баргузор карданд.

Ин маросим дар минтақаи Бармино дар атрофи  Ҷому ва Кашмир баргузор шудааст.

Тасвирҳо ва филмҳои мунташиршуда аз ин рӯйдоди мазҳабӣ ҷамъи зиёде аз азодоронро нишон медиҳад,ки навҳахон ва сина зан озими масҷиди минтақа ҳастанд.

Яке аз ширкаткунандагон дар ин маросим дар мусоҳиба бо хабарнигорон ба зулмҳои суратгирифта дар Яман, Баҳрайн ва дигар минтақаҳо алайҳи мусалмонон ишора ва унвон мекунад,ки Ошуро намоди истодагӣ дар баробари зулм буд ва имрӯз ҳам бояд дар баробари зулм бар мусалмонон истодагӣ кард.

Давлати Ҳинд дар идомаи сахтгириҳои худ алайҳи аҳолии ин минтақа, ҳафтаи гузашта хадамоти паёмрасонии матнӣ дар Кашмирро пас аз як бозкушоии бисёр кӯтоҳ дубора масдуд кард.