Октябр 22, 2019 12:49 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби сармояҳои мардумӣ дар Бонки исломии Эфиопия

Бонки исломии ЗемЗем дар Эфиопия моҳҳо пас аз фуруши саҳоми худ тавонистааст беш аз 600 миллион бирр (воҳиди пули Эфиопия) аз сармояҳои мардумиро ҷамъ кунад.

Ба нақл аз ИКНО,Нахустин муассисаи бонкии исломии шинохта шуда дар Эфиопия аст, моҳҳо пас аз фуруши саҳоми худ тавонист беш аз 600 миллион биррро аз сармояҳои мардум ҷамъ кунад ва ҳамакнун сармояи он баробари 1.2 миллиард бирр шудааст.

Ин бонк дар моҳи май пас аз эъломи умумии "Абий  Аҳмад" нахуствазири масеҳии Эфиопия иҷозатномаи худро аз Бонки марказӣ дарёфт ва роҳро барои амалиётӣ кардани як прожаи бонкии тамомайёри исломӣ дар ин кишвар ҳамвор кард.

Бо вуҷуди ин ки муассисаҳо дар бахшҳои бонкии Эфиопия аз соли 2011 хадамоти бонкии бидуни реборо барои муштариёни худ ироа медиҳанд токунун ҳеҷ бонке иҷозаи эҷоди як бонки комилан исломиро надоштааст.

Эфиопия дар ҳоли ҳозир 16 бонки хусусӣ ва ду бонки давлатӣ дорад. Тибқи гузориши давлат дар соли 2018, кулли сармояи ин бонкҳо 10 дарсад афзоиш ёфта ва ба 85.8 миллиард доллар расидааст. Дар ҳамин замон ин бонкҳо муваффақ ба эътои 298.2 миллиард бирр дар қолиби қарз шудаанд.

 

Барчасп