Октябр 24, 2019 13:30 Asia/Dushanbe
  • Созмони Миллал: пешниҳоди Олмон дар бораи Сурия баррасӣ мешавад

Сухангӯи Созмони Миллал гуфт, ки Шурои амният пешниҳоди Олмон дар бораи эҷоди минтақаи амни байналмиллалӣ дар шимоли Сурияро баррасӣ хоҳад кард.

Фарҳон Ҳақ сухангӯи Созмони Миллали Муттаҳид  рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки аъзои Шурои амнияти Созмони Миллал пазириши пешниҳоди Олмон барои эҷоди як минтақаи амниятии байналмиллалӣ дар шимоли Сурия ва таҳти назорати Созмони Миллалро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба нақл аз Форс, вай гуфт, ҳаргуна тасмимгирӣ бояд тавассути кишварҳои узв ва ба вижа Шурои амният анҷом шавад.

Аннегрет Крамп-Карренбауэр вазири дифои Олмон рӯзи душанбе аз пешниҳоди ин кишвар барои ташкили як минтақаи амни байналмиллалӣ дар шимоли Сурия хабар дод.

Вай гуфт, пешниҳоди тарҳи эҷоди минтақаи амни байналмиллалӣ дар шимоли Сурияро дар нишасти рӯзи панҷшаанбеи вазирони дифои кишварҳои узви Паймони атлантики шимолӣ (НАТО) матраҳ хоҳам кард.

Туркия аз ду ҳафта пеш ҳамла ба минтақаҳои шимолии Сурия бо ҳадафи ақиб рондани ниманизомиёни курд аз ин минтақаҳоро оғоз кард.

 

Барчасп