Октябр 24, 2019 16:41 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Бонки Ҷаҳонӣ барои баррасии содироти гази Туркманистон ба Аврупо

​​​​​​​Коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ дар Ашқобод аз омодагии ин муассисаи молии байналмилалӣ барои баррасии мавзӯи содироти гази тавлиди Туркманистон ба Аврупо хабар дод.

Александр Ҳуурдеман, коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ дар масоили мубодилоти энержӣ дар конфронс ва намоишгоҳи «нафт ва гази Туркманистон- 2019» дар шаҳри Ашқобод аз чашмандозҳои ҳамкории давлати Туркманистон ва Бонки Ҷаҳонӣ хабар дод.

Ба гузориши Форс, ба гуфтаи вай, Бонки Ҷаҳонӣ омодагии комил барои музокирот бо Туркманистон дар заминаи содироти газ ба Аврупоро дорад.

Вай гуфт, Туркманистон яке аз кишварҳои дорои бештари захоири газӣ аст ва бахши бузурге аз гази тавлиди Ашқобод ба Чин содир мешавад.

Ҳуурдеман идома дод, ҳамчунин ба тозагӣ содироти газ ба Русия муҷаддадан роҳандозӣ шуд, аммо табодули газ байни Туркманистон ва Русия бисёр кам шудааст.

Ин мақом тасреҳ кард, мавзӯи содироти гази тавлиди Туркманистон ба Аврупо борҳо матраҳ шуда, аммо дар ин замина ҳеҷ иқдоми амалӣ анҷом нашуда, аммо бо имзо шудани Конвенсияи вазъияти ҳуқуқи дарёи «Хазар», имконоти лозим барои оғози ҳамкории Ашқобод ва Аврупо ба вуҷуд омаданд.