Кремл марги ал-Бағдодиро таъйид накард
Сухангӯи Кремл, иддаои мақомоти амрикоиро дар бораи ҳалокати саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ таъйид накард.
Ба гузориши ИРНА, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи душанбе дар вокуниш ба иддаои мақомоти Кохи Сафед дар мавриди амалиёти нируҳои амрикоӣ ва кушта шудани Абубакр ал-Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ гуфт, ин мавзӯро наметавон таъйид кард.
Песков тавзеҳи бештарро дар ин бора, ба баёнияи Игор Конашенков, сухангӯи вазорати дифои Русия ирҷоъ дод.
Сухангӯи вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе эълом карда буд: “Мадорики мувассақе мабни бар кушта шудани Абубакр Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ вуҷуд надорад ва кулли моҷаро зери савол аст”.
Маҷаллаи "Newsweek" рӯзи якшанбе ба нақл аз як мақоми аршади вазорати дифои Амрико (Пентагон) бидуни интишори номи вай навишт: “Дар амалиёти рӯзи шанбеи болгардҳои артиши Амрико дар шимоли ғарби шаҳри Идилби Сурия, саркардаи ДИИШ кушта шуд”.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико низ соате баъд, кушта шудани ал-Бағдодиро дар амалиёти нируҳои амрикоӣ таъйид кард.
Гурӯҳи террористии ДИИШ ба саркардагии ал-Бағдодӣ дар солҳои ахир бо ҳимояти молӣ ва низомии Амрико, Арабистон ва режими саҳюнистӣ, бахшҳои васее аз Ироқ ва Сурияро ишғол кард ва ҷиноёти бешуморе дар ин кишварҳо ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон муртакиб шуд.