Сентябр 26, 2016 12:03 Asia/Dushanbe
  • Кобул, Нишасти панҷҷонибаи минтақаии мубориза бо маводи мухаддир

Нишасти панҷҷонибаи минтақаии мубориза бо маводи мухаддир бо ҳузури намояндагони кишварҳои Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Покистон ва Русия дар Кобул баргузор шуд.

Ба иттилои Ирно, Саломат Азимӣ, вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон дар ин нишаст гуфт, бидуни шак маводи мухаддир боиси бесуботӣ ва тазъифи пояҳои ҳукумати кишварҳои минтақа ва Афғонистон шудааст .

Азимӣ афзуд, ки Афғонистон иродаи қавии сиёсӣ дар хатти муқаддами мубориза бо маводи мухаддир дорад ва бештарин қурбониро дар ин арса медиҳад .

Шерхон Салимзода, раиси Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ҳам гуфт, маводи мухаддир на танҳо Афғонистон, балки кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро низ таҳдид мекунад ва сабаби ноамнӣ ва фасоди идорӣ шудааст .

Муовини Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон низ гуфт, Афғонистон дар ҳадди тавони худ дар арсаи мубориза бо маводи мухаддир талош кардааст, аммо ба танҳоӣ ва бидуни ҳамкории кишварҳои минтақа, қодир ба мубориза бо ин падидаи шум нест .

Асадуллоҳи Ҳодинажод ҳамкориҳои минтақаӣ дар амри мубориза бо маводи мухаддирро муҳим хонд ва афзуд, Эрон зимни амал ба тааҳҳудоти байналмилалии худ дар ин замина дар арсаи контроли марзҳо низ талош кардааст ва дастовардҳои муҳиме дар ин замина дорад .

Афғонистон аз бузургтарин тавлидкунандагони маводи мухаддир дар ҷаҳон аст ва  ҳудуди се миллиону шашсад ҳазор нафар дар ин кишвар ба маводи мухаддир муътод ҳастанд.