Октябр 30, 2019 21:04 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби дифои муқаддас бо тақризи Раҳбарӣ дар Покистон

Китоби дифои муқаддас бо тақризи Раҳбарӣ дар Покистон мунташир мешавад.

Китоби "Лашкари хубон" бо ҳадафи тарвиҷи фарҳанги дифои муқаддас, ийсор, шаҳодат ва муқовимат бо ҳамкории ройзании фарҳангии Эрон дар Исломободи Покистон, аз забони форсӣ ба забони урду тарҷума ва мунташир мешавад.

Ба нақл аз ИКНА, китоби "Лашкари хубон" дар 695 саҳифа ва тиражи 1000 нусха тавассути интишороти "Алвилоя"-и Исломободи Покистон мунташир шудааст. Чопи аввали ин китоб дар дастраси мухотабони покистонӣ ва урдузабони ин кишвар қарор гирифт.

Дар ин китоб тақриз ва фармоишоти мақоми муаззами Раҳбаӣ ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ дар бораи аҳамияти мутолиаи китобҳои дифои муқаддас ва ҷойгоҳи волои шуҳадои дифои муқаддас низ дарҷ шудааст.