Ноябр 02, 2019 13:47 Asia/Dushanbe
  • Соқит шудани паҳподи ҷосусии  амрикоӣ дар Яман

Паҳподи ҷосусии амрикоӣ дар Яман соқит шуд.

Ба нақл аз Форс , Яҳё Сариъ сухангуи нерӯҳои мусалаҳи Яман аз сарнагунии як фарванди паҳподи амрикоӣ хабар дод.

Вай гуфт ; нерӯҳои яманӣ субҳи имрӯз мувафақ шуданд як фарванд паҳподи ҷосусии амрикоӣ аз навъи Ескен Игл ро бо силоҳи муносиб дар хутути тамос дар наздикии Ъасир ( воқеъ дар ҷунуби Арабистон ) ва замоне ,ки дар ҳоли иқдомоти хасмона ва ҷосусӣ дар минтақаҳои марзии Яман бо душмани Саудӣ буд , сарнагун кунанд.

Сухангуи нерӯҳои мусалаҳи Яман дишаб низ аз инҳидоми як фарванд ҳавопаймои ҷосусӣ ва таҳоҷумии иттилофи саудӣ дар ғарби Яман хабар дод.

Шабакаи телвезиёнии Алмасираи  Яман панҷшанбе ( нуҳуми обон ) ба нақл аз сариъ гузориш дод ,ки падофанди мушакии артиш ва Кумитаҳои мардумии Яман дар минтақаи Раъс Ъисои устони Алҳадида ( ғарби Яман ) ин парандаи муҳоҷимро бо силоҳи муносибе дар осмони минтақа ҳадаф қарор додааст.

Арабистон дар ибтидои таҷовузи низомӣ ба Яман муддаъӣ шуда буд зарфи муддати чанд ҳафта корро яксара мекунад аммо имрӯз артиши Яман бо сохти паҳпод ва мушак ба ҷое расида,ки Риёз дар паи хуруҷи обурумандона аз ҷанги Яман аст.