Имзои 14 санади ҳамкорӣ дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай
Дар поёни нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд пойтахти Узбакистон 14 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин санадҳо дар заминаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамкориҳои бонкӣ ва молӣ, ҳамлу нақл, саноат, кишоварзӣ, энержӣ, гумрук, нав оварӣ, технологиҳои иттилоърасонӣ, ҳамкориҳои байни минтақаӣ, гардишгарӣ, экологикӣ ва омӯзиш аст.
Барномаи нави ҳамкориҳои иқтисодии аъзои Шанхай то соли 2035 аз аснодест, ки дар нишасти имрӯзи Тошканд ба имзо расид.
Илова бар ин санаде дар мавриди тадвини ҳамкориҳои эъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи тавсеаи таҷҳизоти технологиҳои диҷиталӣ дар рустоҳои дурафтода тасвиб шуд.
ҳаҷдаҳумин иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд субҳи рӯзи шанбе оғоз шуд.
Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмиллалии байни давлатӣ аст, ки соли 2001 дар шаҳри бандарии Шанхай-и Чин таъсис шуд.
Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон , Узбакистон, Ҳинд ва Покистон эъзои ин созмон ҳастанд.
Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.