Ноябр 02, 2019 19:52 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз даромади 30 миллион долларии Амрико аз нафти Сурия

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия бо такрори иттилооте, ки Вазорати дифои ин кишвар ҳафтаи гузашта онҳоро ифшо кард гуфт, Амрико ба сурати ғайриқонунӣ аз майдонҳои нафтии шимоли шарқи Сурия моҳона беш аз 30 миллион доллар нафт истихроҷ мекунад.

Ба нақл аз ИРНО, Мария Захарова афзуд, Амрико нафти Сурияро бо нақзи таҳримҳои худ ба сурати қочоқ аз Сурия хориҷ мекунад ва қасд надорад минтақаҳои нафтхези ин кишварро дар ояндаи наздик тарк кунад.

Ба гуфтаи вай иқдомоти низомиёни амрикоӣ дар мавриди майдонҳои нафтии шимоли шарқи Сурия ғайриқонунӣ аст.

Захарова гуфт, бар асоси  изҳороти мақомҳои эътилофи амрикоӣ гуруҳи ДИИШ дар моҳи марти имсол ба сурати комил решакан шудааст бинобарин мавзеъҳои Амрико дар ин маврид бо воқеият мутобиқат надорад.

Вазорати дифои Русия ҳафтаи гузашта тасовири моҳвораӣ аз бархе минтақаҳои Сурия мунташир кард, ки нишон медод нерӯҳои амрикоӣ чатри амниятӣ барои қочоқи нафти Сурия эҷод кардаанд ва бо вуҷуди таҳрими нафти ин кишвар аз сӯи Амрико бо роҳзании байналмиллалӣ моҳона ҳудуди 30 миллион доллар ба ҷайб мезананд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба тасовири бахши иттилооти фазоии Вазорати дифои Русия нафти Сурия пеш ва баъд аз шикасти ДИИШ дар минтақа таҳти назорати амрикоиҳо тавассути мошинҳои боркаши ҳомили сӯзишворӣ ба хориҷ аз Сурия ирсол мешавад; он ҳам дар даврае, ки Вашингтон барои арзаи фаровардаҳои нафтии Сурия аз сӯи дигар ашхос ё кишварҳо муҷозотҳоеро дар назар гирифтааст.

Барчасп