Ноябр 05, 2019 18:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Русия аз гоми чаҳоруми Эрон дар коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ

Муовини вазири умури хориҷии Русия эълом кард, гоми ҷадиди Эрон барои коҳиши тааҳҳудоти ҳастаӣ мантиқӣ аст.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ОИР “Новости” бо баёни ин ки Маскав аз тасмими тозаи Эрон барои коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ ғофилгир нашудааст, гуфт, Амрико масъули вазъи кунунии тавофуқи ҳастаӣ аст. Муовини вазири умури хориҷии Русия афзуд, истифодаи Эрон аз сентрифугаҳои “Фурду” ба маънии поёни БарҶОМ нест. Рябков таъкид кард, тарҳи муштараки Эрону Русия барои табдили маркази ғанисозии «Фурду» ба як маркази таҳқиқ ва тавсеа, ҳамчунон рӯй миз аст ва таҷдиди назаре дар мавриди он сурат нагирифтааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз дар Теҳрон бо эъломи гоми чаҳоруми коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ гуфт, ҳама тарафҳои БарҶОМ бояд бидонанд, ки Эрон наметавонад якҷониба ба он пойбанд бошад.

Эрон як сол пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶОМ ва нокоромадии ваъдаи аврупоиҳо барои ҷуброни таҳримҳои Амрико ба коҳиши гом ба гоми тааҳҳудҳои барҷомии худ рӯй овардааст.

 

Барчасп