Ноябр 07, 2019 13:05 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии чор узви гурӯҳи терорристии ДИИШ дар шарқи Афғонистон

Манбаъҳои хабарӣ аз дастгирии чор узви гурӯҳи терорристии ДИИШ дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон хабар доданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , дафтари волии Нангарҳор эълом кард , ин чор узви гурӯҳи такфирии ДИИШ дар шаҳристони Очин вилояти Нангарҳор дар ҳоле тавассути нерӯҳои амниятии Афғонистон дастгир шуданд ,ки бо пушидани либоси занона қасди фирор доштанд.

Вилояти Нангарҳор ,конуни гурӯҳи терорристии ДИИШ дар шарқи Афғонистон аст,ки ҳар аз гоҳе амалиёти терорристиро аз ин вилоят созмондеҳӣ мекунад.

Барои чандуминбор аст,ки гурӯҳҳои терорристӣ дар Афғонистон бо либоси занона аз суи нерӯҳои амниятӣ дастгир мешаванд.

Бо шикасти гурӯҳи терорристии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия , Амрико, ғарб ва бархе аз кишварҳои арабии бозмондаҳои ин гурӯҳро ба Афғонистон мунтақил кардааст то аз онҳо ба нафъи барномаҳои минтақаии худ истифода кунад.

Барчасп