Дархости мусалмонони Амрико барои тавсеаи як масҷид
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48180-Дархости_мусалмонони_Амрико_барои_тавсеаи_як_масҷид
Анҷумани мусалмонони иёлати Вирҷинияи Амрико хостори судури муҷаввизи тавсеаи масҷид ва Маркази исломии «Доруннур» дар минтақаи Принс Виллиам Каунти шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 08, 2019 18:25 Asia/Dushanbe
  • Дархости мусалмонони Амрико барои тавсеаи як масҷид

Анҷумани мусалмонони иёлати Вирҷинияи Амрико хостори судури муҷаввизи тавсеаи масҷид ва Маркази исломии «Доруннур» дар минтақаи Принс Виллиам Каунти шудааст.

Масъулони масҷид ва Маркази исломии “Доруннур” қасд доранд, масоҳати ин масҷидро аз 12 ҳазор метри мураббаъ ба 88 ҳазор метри мураббаъ афзоиш диҳанд.

Ба гузориши ИКНА, густариши фазои масҷид ин имконро фароҳам мекунад, ки бахшҳои тозае, аз ҷумла намозхона, дафотири идорӣ, толори пазироии чандманзура, маркази ҷавонон, толори варзишӣ, кӯдакистон, дабистон ва ҳамчунин як маркази дармонӣ ба сохтмони феълӣ изофа шавад.  Анҷумани мусалмонон қасд дорад, бо ин иқдом зарфияти намозгузоронро низ аз 502 нафари кунунӣ ба ҳазору 782 нафар афзоиш диҳад. Ҳамчунин бо густариши паркинги ин марказ зарфияти пазириши худрав бештар хоҳад шуд.

Қарор аст, Комиссияи барномарезии шаҳрӣ фардо дар ҷаласае назароти мардуми минтақаро дар бораи ин дархост бишинавад.