Ноябр 09, 2019 11:45 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи нахуствазири Ироқ барои анҷоми ислоҳоти ҷиддӣ

Нахуствазири Ироқ дар суханронии пас аз баррасии будҷаи соли 2020 и Ироқ ба ислоҳоти ҷиддӣ ва беҳбуди шароит ва эҷоди фурсатҳои шуғлӣ мутаъаҳид шуд.

Ба нақл аз Исно, Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ пас аз ҷаласаи баррасии будҷаи соли ояндаи милодӣ гуфт ; 989 пружа ба артиш 17 миллиард доллари нимакора монда ва давлат дар садади анҷоми ислоҳотӣ ҷиддӣ барои беҳбуди авзоъи иқтисодӣ аст. Вай гуфт ,ки барои ироаи барномаи будҷаи матлуб ба Парлумон дар сариътарин фурсати мункин талош хоҳад кард ва гуфт,ки будҷаҳои пешин мантиқи дурусте дар бораи сарфи ҳазинаҳо надоштанд.

Вай гуфт,ки дар лоиҳаи будҷаи нав талош хоҳад шуд ислоҳоти нав сурат гирифта ва шароити беҳбудёфта ва фурсатҳои шуғлӣ афзоиш ёбад.

Вай ҳамчунин роҳкорҳоеро барои эҷоди фурсатҳои шуғлии бештар аз тариқи ироаи пружаҳои хадамотӣ, иқдом барои ислоҳоти ҷиддӣ дар ҳали мушкилоти иқтисодӣ ва даромадзоии бештар ,ки ба беҳбуд ва тақвияти иқтисодӣ бианҷомад ва ҳамчунин афзоиши манбаъҳои даромадӣ дар бахшҳои ғайри нафтӣ ироа кард.