Ҳушдори Покистон ба Ҳинд дар хусуси идомаи саркуби мардуми Кашмир
(last modified Sat, 09 Nov 2019 12:56:00 GMT )
Ноябр 09, 2019 17:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Покистон ба Ҳинд дар хусуси идомаи саркуби мардуми Кашмир

Раиси минтақаи Кашмири таҳти контроли Покистон дар хусуси идомаи саркуби кашмириҳои таҳти контроли Диҳлии Нав аз тарафи нерӯҳои низомии Ҳинд ҳушдор дод.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, сардор Масъуд Хон рӯзи шанбе зимни интиқод аз маҷомеи ҷаҳонӣ гуфт, дар ҳоле, ки саркуби мардуми Кашмири таҳти контроли Диҳлии Нав аз тарафи низомиёни Ҳинд ба авҷ расидааст ва дунёи Ғарб ба хотири манофеи худ сукут карда танҳо Эрон ва бархе дигар кишварҳо аз мардуми Кашмир ҳимоят мекунанд.

Раиси минтақаи Кашмри таҳти контроли Покистон афзуд, беш аз се моҳ аз ҳабси хонагии мардуми Кашмир тавассути низомиёни ҳиндӣ мегузарад ва мусалмонони мазлуми ин минтақа ба аввалин имконоти зиндагӣ низ дастрасӣ надорад.

Масъуд Хон гуфт, давлати Ҳинд аз солҳо пеш тамоми тавофуқномаҳои Созмони Миллали Муттаҳидро поймол карда ва дар ҳоли саркуби мардуми Кашмир аст, аммо дар ин шароит мавҷи озодихоҳӣ ва мубориза бо Ҳинд низ байни ҷавонони кашмирӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Давлати Ҳинд аз 30 октиябри 2019 қавонини марбут ба бекор кардани худмухтории минтақаи Ҷому ва Кашмирро иҷроӣ кард ва бар ин асос дирӯз ҷумъа бо тақсими ин минтақаҳо ба ду бахши мустақил қарор аст барои ҳар бахш фармондор таин кунад.