Ноябр 09, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз фаолияти 13 гуруҳи террористӣ дар кишварҳои узви Ҳамсуд

Созмонҳои амниятӣ ва хадамоти вижаи кишварҳои ҷомеаи кишварҳои мустақили Ҳамсуд дар соли 2019 аз фаолияти 13 гуруҳ ва созмони байналмиллалии террористӣ пешгирӣ кардаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Александр Бортников раиси хадамоти амнияти Федератсияи Русия эълом кард, хадамоти вижаи кишвраҳои Русия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Узбакистон дар соли 2019 аз фаолияти 13 гуруҳ ва созмони байналмиллалии террористӣ пешгирӣ ва 138 ниманизомии узви ин гуруҳро дастгир кардаанд.

Бортников  афзуд, аз моҳи май то октябри имсол беш аз 200 шаҳрванди мазнун ба узвият дар созмонҳои террористӣ ва ё ифротӣ шиносоӣ ва дар мавриди онҳо баррасиҳои лозим анҷом шудааст.

Вай гуфт, Созмонҳои амниятӣ ва хадамоти вижаи кишварҳои  ҷомеаи кишварҳои мустақили Ҳамсуд фаолияти ДИИШ дар Афғонистон ва иттиҳоди ин гуруҳ дар қолиби Вилояти Хуросонро зери назар дорад ва огоҳ аст, ки Ҷомеатул Ансор ва Наҳзати исломии Туркистони шарқӣ бо онҳо аз наздик ҳамкорӣ мекунанд ва ҳадафи онҳо эҷоди шароите барои таҷовуз ба кишвраҳои узви Ҳамсуд аст.

Барчасп