Ноябр 16, 2019 15:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори вазорати хориҷаи Амрико барои сафар ба Тоҷикистон

Вазорати хориҷаи Амрико аз атбоъи худ хост зимни сафар ба Тоҷикистон эҳтиёт кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико, Тоҷикистонро ба листи кишварҳои ноамн барои гардишгарон изофа кард.

Ба нақл аз Эътимод Онлайн,дар ин иттилоъия аз ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара и Тоҷикистон ёдшуда,ки дар паи он 2 шаҳрванди Амрико ба қатл расиданд.

Дар ин матлаб омадааст; мункин аст терорристҳо маконҳои мухталифе аз ҷумла минтақаҳои маскунӣ, клубҳо ва рестаранҳо , маконҳои мазҳабӣ, ҳотелҳо ва мадрасаҳоро ҳадаф қарор диҳанд.

Мақомоти Амрико аз шаҳрвандони худ хостанд ҳангоми сафар ба Тоҷикистон расонаҳои маҳаллиро бихонанд, барномаҳои худро бар асоси иттиллооти нав танзим кунанд, муроқиби атрофи худ бошанд ва саҳифаҳои ФЕСБУК ва ТВИТТЕРи ин вазоратхонаро пайгирӣ кунанд. Вазорати умури хориҷаи Амрико системаи нави ҳушдор ба шаҳрвандон дар мавриди авзои дохилии кишварҳои мухталифро барои барномарезии сафар тадвин карда ,ки кишварҳои мухталифи ҷаҳонро аз назари бехатарӣ рутбабандӣ мекунад. Дар рутбаи аввали ин лист кишварҳое қарор доранд,ки амнияти шаҳрвандон ва гардишгарони хориҷӣ дар онҳо таъмин аст.

Барчасп