Ноябр 19, 2019 14:06 Asia/Dushanbe
  • Боздиди як миллион нафар аз парки қуръонии Дубай

Шаҳрдории Дубай эълом кард, ки дар 7 моҳи гузашта як миллион нафар аз парки қуръонии ин шаҳр боздид карданд.

Рӯзона ҳазорон нафар аз ин парк боздид кардаанд ва шаҳрдории Дубай дар ҳафтумин моҳи ифтитоҳи он боздиди як миллион нафар аз ин парки қуръониро ҷашн гирифтааст.

Ба нақл аз ИКНО, ин парк, ки сохти он беш аз 200 миллион дирҳам ҳазина дошта аз прожаҳои муваффақи ҷазби ҷаҳонгардон дар Дубай будааст.

Ин парк, ки 65 гегтар масоҳат дорад, шомили 12 боғ ва 45 навъ гиёҳ зикр шуда дар қуръон ва ривоятҳо ҳамроҳ бо шарҳи хавоси ғизоӣ ва доруии онҳо аст, ҳамчунин бисёре аз муъҷизаҳои зикршуда дар қуръон ҳамчун муъҷизаи асои Мусо (а) тавзеҳ дода шуда ва чашмандозҳои сарсабз ва ҷаззобе дар он ба чашм мехурад.

Парки қуръонии Дубайро дар радаи 100 мақсади ҷаззоби ҷаҳонгардӣ дар ҷаҳон аст.