Бозгашти 32 кӯдаки диишиҳои рус ба Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48452-Бозгашти_32_кӯдаки_диишиҳои_рус_ба_Маскав
32 кӯдаки рус, ки дар паноҳгоҳҳо ё зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешуданд, бо як парвоз ба Маскав бозгаштанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 19, 2019 19:32 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 32 кӯдаки диишиҳои рус ба Маскав

32 кӯдаки рус, ки дар паноҳгоҳҳо ё зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешуданд, бо як парвоз ба Маскав бозгаштанд.

Ба гузориши “Спутник”, ин кӯдакон, ки волидайнашон ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста буданд, рӯзи душанбе ҳамроҳи ҳайати вижаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз тариқи Бағдод ба Маскав парвоз карданд. Ин кӯдакон, ки аз як то 9 сол син доранд ва ҳамаи онҳо дар зиндону паноҳгоҳҳои Бағдод пайдо шудаанд, билофосила пас аз вуруд ба Маркази илмии беҳдошти кӯдакони Маскав мунтақил ва дар он ҷо ба бастагони руси худ таҳвил мешаванд.

Аз декабри соли 2018 то кунун ҳудуди сад кӯдак аз Ироқ ба Русия бозгардонда шудаанд.