Ради пои CIA дар иғтишошоти Эрон
(last modified Wed, 20 Nov 2019 10:08:55 GMT )
Ноябр 20, 2019 15:08 Asia/Dushanbe
  • Ради пои CIA дар иғтишошоти Эрон

Мудири омили андешкадаи амрикоии РонПол фош кард, Созмони иттилооти марказии Амрико CIA дар иғтишошоти Эрон нақш доштааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Даниэл Мак Одомз мудири омили андешкадаи амрикоии РонПол рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи RT дар бораи нооромиҳо ва ошубҳои ахир дар Эрон гуфт, таҳаввулоти ахири Эрон фақат эътирозоте бархоста аз афзоиши нархи сӯзишворӣ нест, балки ошубҳоест, ки аз тариқи ҳамдастони Амрико дар Эрон ва бо пайравӣ аз улгӯҳои Созмони CIA роҳандозӣ мешавад.

Мак Одомз ба унвони намуна ба гуруҳаки террористии мунофиқин ба унвони ҳамдастони Амрико ишора карда ва афзудааст, ин навъ аз нооромӣ бештар ҳосили амалкарди Созмони CIA  аст.

Пештар рӯзномаи НиюЙоркТаймз дар гузорише, ки вокунишҳои зиёде ба ҳамроҳ дошт аз тарҳе парда бардошт, ки дар Созмони CIA  ба манзури эҷоди нооромӣ дар Эрон оғоз шуудааст ва аз сӯи Арабистони саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳимоят мешавад.

Кохи Сафед шомгоҳи якшанбе дар баёнияе мудохилаҷӯёна бо такрори иддаоҳои беасос алайҳи Эрон аз иддаи маъдуде ошубгар, ки ба баҳонаи афзоиши нархи бензин бо эҷоди беназмӣ дар чанд шаҳри Эрон даст ба тахриби амволи умумӣ заданд ҳимоят кард.