Оғози Ҳамоиши байналмиллалии меъмории масҷидҳо ҳафтаи оянда дар Малайзия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48478-Оғози_Ҳамоиши_байналмиллалии_меъмории_масҷидҳо_ҳафтаи_оянда_дар_Малайзия
Ҳамоиши байналмиллалии меъмории масҷидҳо ҳафтаи оянда дар Малайзия оғоз мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 21, 2019 13:23 Asia/Dushanbe
  • Оғози Ҳамоиши байналмиллалии меъмории масҷидҳо ҳафтаи оянда дар Малайзия

Ҳамоиши байналмиллалии меъмории масҷидҳо ҳафтаи оянда дар Малайзия оғоз мешавад.

Ба нақл аз ИКНО, Дабирхонаи ҷоизаи меъмории масоҷид Абдуллатиф Алфавзон ҳамоиши байналмиллалии худро дар пойтахти Малайзия баргузор мекунад.

Арабистони саудӣ, Малайзия ва чанд созмони байналмиллалӣ дар баргузории ин ҳамоиш мушорикат доранд.

Мавзӯи ҳамоиши имсол Меъмории ояндаи масоҷид аст ва ҳадафи он иртиқои сифати меъмории масоҷид дар сатҳи маҳалӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ унвон шудааст.

Дар ин ҳамоиш, ки 25 то 27 ноябр баргузор мешавад, 9 суханрон ва 45 коршинос аз саросари ҷаҳон ҳузур хоҳанд дошт ва ғолиби ин ҷоиза дар моҳи марти 2020 дар маросиме дар Риёз пойтахти Арабистон муаррифӣ мешавад.