Бойден: Арабистон бояд баҳои ҷанг дар Яманро бипардозад
(last modified 2019-11-21T14:28:14+00:00 )
Ноябр 21, 2019 19:28 Asia/Dushanbe
  • Бойден: Арабистон бояд баҳои ҷанг дар Яманро бипардозад

Ҷо Бойден, муовини раисиҷумҳури собиқи Амрико ва номзади эҳтимолии демократҳо барои интихоботи 2020 бо интиқод аз сиёсатҳои Арабистон таъкид кард, ки Риёз бояд баҳои ҷанг дар Яман ва куштани Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори матраҳи саудиро бипардозад.

Ба гузориши шабакаи хабарии Русия ал Явм, Бойден рӯзи панҷшанбе дар суханоне, ба шиддат аз Риёз интиқод кард ва ба ин кишвар ҳушдор дод.

Вай дар посух ба ин савол, ки Амрико чигуна бояд бо Арабистон дар бораи масъалаи ҷанги Яман ва Хошуқчӣ рафтор кунад, гуфт: Бояд кумакҳои низомӣ ба Арабистонро мутаваққиф ва ин кишварро дар сатҳи байналмилалӣ матруд ва мунзавӣ кард.

Хошуқчӣ, хабарнигор ва нависандаи рӯзномаи амрикоии Вашингтон пост, октябри 2018 ба манзури ироаи бархе мадорик ба консулгарии Арабистон дар Истамбул ворид шуд ва дигар аз онҷо хориҷ нашуд.

Аснод ва шавоҳиди мунташира ҳокӣ аз он аст, ки Хошуқчӣ ба дастури Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ кушта шудааст.

Бойден гуфт, ба равшанӣ бигӯем, ки мо дигар қасд надорем ба онҳо (саудиҳо) силоҳ бифурӯшем балкӣ қасд дорем, онҳоро маҷбӯр ба пардохти баҳои корҳояшон ва тарди онҳо бикунем.

Ин дар ҳоле аст, ки Арабистон аз апрели 2015 ҷанги ҳамаҷонибаро алайҳи Яман ба унвони фақиртарин кишвари арабӣ ба роҳ андохтааст, ки натиҷаи он нобудии зерсохтҳои ин кишвар, кушта ё захмӣ шудани ҳазорон яманӣ аз ҷумла кӯдакон будааст.

Номзади эҳтимолии демократҳо барои интихоботи ояндаи Амрико идома дод, ки ӯ ҳамаи кумакҳои Амрико ба Арабистон ва колоҳое, ки ба онҳо мефурӯшадро мутаваққиф мекунад.

Бойден зимни инки саудиҳоро ба «куштани кӯдакон ва бегуноҳон» муттаҳам кард, афзуд, давлати Саудӣ «аз арзиш ва шаъни иҷтимоии бисёр поёне бархӯрдор аст».

 

Барчасп