Ноябр 25, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои замин аз сӯи тоҷири сикх барои сохти масҷид  дар Ҳиндустон

Тоҷири сикх дар Ҳиндустон заминашро барои сохти масҷид эҳдо кард.

Як пирамарди сикхи 70 сола дар шаҳри Пурқозӣ дар Манзарнигар воқеъ дар иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон, бахше аз замини худро ба мусалмонон барои сохти масҷид эҳдо кард.

Вай ҳадафашро тарвиҷи фарҳанги ҳамзистӣ миёни адён эълом кардааст.

Су Хабир Синг Бедӣ, ки як фурӯшандаи либос мебошад ба муносибати 550-умин солгарди бунёнгузори мактаби сикхҳо, ин заминро ба ҷомеаи исломӣ дод ва рӯзи якшанбе бо ҳузури Заҳир Форуқӣ, аз пешвоёни мусалмон дар шаҳри Пурқозӣ ин тавофуқнома бо мусалмононро эълом кард.

Бедӣ бо баёни ин ки ҳадафаш тарвиҷи паёми сулҳ ва ҳамзистии мутақобил мебошад гуфт, ман мехоҳам ин паёмро ба дигарон бирасонам, ки метавонем дар канори ҳамдигар зиндагӣ кунем, ба ҳам ва мазоҳиби ҳамдигар эҳтиром бигузорем. Ба ҳамин ҷиҳат тасмим гирифтам як замин ба масоҳати 1 ҳазор фути мураббаъро ба бародарони мусалмонам ба исми Худо, ишқ ва инсоният эҳдо кунам.

 

Барчасп