Ноябр 26, 2019 06:21 Asia/Dushanbe
  • Хашми покистониҳо аз иҳонат ба ислом дар Норвегия

Шаҳрҳои мухталифи Покистон ҳамчунон шоҳиди тазоҳуроти густурда дар эътироз ба иқдомоти тавҳиномези як созмони зиддиисломии Норвегия ба муқаддасоти ислом ва Қуръони карим аст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , ҳазорон нафар аз мардуми хашмгин ва гурӯҳе аз масеҳиён ва пайравони мазҳаби ҳиндуи Покистон рӯзи гузашта дар шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла Лоҳур, Мултон, Исломобод ва Карочӣ бо баргузории тазоҳурот, парчами Норвегияро ба оташ кашиданд.

 Мӯътаризон хостори вокуниши фаврии ҳокимони исломӣ ба ташдиди исломситезӣ дар Ғарб шуданд ва ин гуна иқдомотро таҳдиди ҷиддӣ барои ҳамоҳангӣ ва дӯстӣ миёни пайравони динҳои илоҳӣ ва сулҳи ҷаҳонӣ донистанд.

 Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот муқобилаи кишварҳои исломӣ бо иқдомоти зидди мусулмонон дар Ғарбро хостор шуданд.

Имронхон-нахуствазир Покистон низ рӯзи гузашта иқдоми тавҳиномез ба соҳати муқаддаси Паёмбари ислом (с) ва сӯзондани  Қуръони карим дар Норвегияро маҳкум кард ва гуфт: Ташдиди исломҳаросӣ-таҳдиде алайҳи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ аст.

 Вазорати умури хориҷаи Покистон ҳам бо фаро хондани сафири Норвегия дар Исломобод, иқдоми тавҳиномези як созмони ғайриисломи ин кишвар ба Қуръонро маҳкум кард.

 Гурӯҳи зиддиисломии sian дар Норвегия ахиран бо иҳонат ба муқаддасоти исломӣ ва Паёмбари ислом (с) Қуръонро оташ зад.

 

Барчасп