Ноябр 26, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи таъхир дар эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи Афғонистон

Генерал Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон ҳушдор дод, таъхир дар эъломи натоиҷи аввалияи интихобот ба ин кишвар осеб ворид мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, узви аршади ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ имрӯз дар ҷамъи ҳаводорони худ дар шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон гуфт, дар сурате ки аз тақаллуб дар раванди шумориши орои интихобот ҷилавгирӣ нашавад, мардум тазоҳуроти саросарӣ баргузор мекунанд. Иноятуллоҳ Бобур Фараҳманд, муовини аввали раиси иҷроияи Давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон низ гуфт, агар то ҳафтаи оянда Комиссияи интихобот орои тақаллубиро ботил накунад, мумкин аст, нооромӣ ин кишварро фаро гирад.

Ҳамакнун Комиссияи интихобот барои бозшуморӣ ва бозрасии орои ҳафт вилояти ин кишвар бо мухолифат ва мамонеати ҳаводорони бархе ситодҳои интихоботӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бархе аз ситодҳои интихоботӣ  бозшумории орои интихобот қабл аз тафкики орои солим аз ботилро ғайриқонунӣ медонанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 сентябри гузашта баргузор шуд ва натоиҷи аввалияи он то кунун се бор ба иллати мушкилоти фаннӣ дар раванди шумориши ороъ ба таъвиқ афтодааст.