Ноябр 29, 2019 22:34 Asia/Dushanbe
  • Сабти кӯчактарин масҷиди қадимӣ дар Ҳайдарободи Ҳиндустон

Масҷиди Мирмаҳмудшоҳ дар Ҳайдарободи Ҳиндустон, ба унвони кӯчактарин масҷиди ҷаҳон сабт шудааст.

Фақат 5 нафар метавонанд ҳамзамон дар масҷиди миниотурии Мирмаҳмудшоҳ, воқеъ дар Ҳайдарободи Ҳиндустон намоз иқома кунанд.

Иддаи каме огоҳ ҳастанд, ки ин масҷид кӯчактарин масҷид дар ҷаҳон мебошад ва андозаи он 9.2 фут дар 12 фут мебошад.

Масҷиди Мирмаҳмудшоҳ аз рӯйи ном яке аз муқаддасини сӯфиён дар давраи ҳукумати Абдуллоҳ Қутбшоҳ, ки аз Ироқ ба Ҳинд омада, дар қарни шонздаҳум сохта шудааст.

Ин масҷид сохташуда дар дили санг, танҳо бо як қавс ва ду манора, он қадар кӯчак аст, ки беш аз панҷ нафар наметавонанд ҳамзамон дар он намоз бихонанд.

Ин бино 110 метри мураббаъро бо масҷиди Дойи Сайиди Кай дар Бопал муқоиса мекунанд, ки 110 фути мураббаъ мебошад ва бо вуҷуди ин ки ҳамаи онро кӯчактарин масҷид медонанд, аммо масҷиди Мирмаҳмуд бисёр кӯчактар аст.