Омодагии Русия барои коҳиши тавлиди нафт
(last modified Thu, 05 Dec 2019 15:36:29 GMT )
Декабр 05, 2019 20:36 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои коҳиши тавлиди нафт

Вазири энержии Русия аз омодагии ин кишвар барои коҳиши тавлиди нафт хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Александр Новак, вазири энержии Русия дар нишасти имрӯз (панҷшанбе) дар Вена гуфт, Маскав ба манзури коҳиши арзаи нафт дар бозор, дар ҳоли ҳозир низ мизони тавлиди худро бештар аз саҳмияи тавофуқшуда дар Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва аъзои ғайри узви "OPEC-Plus" коҳиш додааст.

Аъзои "OPEC-Plus" ба манзури ҳимоят аз қимати нафти хом ва ҷилавгири аз ишбои бозор, дар нишасти дурӯза (панҷшанбе ва ҷумъа) дар Вена дар бораи чигунагии коҳиши сақфи арзаи нафт гуфтугӯ мекунанд.

"OPEC-Plus" ба манзури муқобила бо тавлиди рӯ ба афзоиши нафт дар Амрико, аз соли 2017 арзаи нафти худро маҳдуд кард.

Афзоиши тавлид дар Амрико ва кишварҳои ғайри узви ОПЕК, аз ҷумла Бразилия ва Норвегия дар соли 2020, хатари афзоиши ишбо(бисёр)-и бозорро ба думбол дорад.

"OPEC-Plus" дар ҳоли гуфтугӯ барои коҳиши рӯзона як миллиону 200 ҳазор бушкаии нафт аст.